Путин дар роҳ ба Аляска

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки барои дидору гуфтугӯ бо президенти Амрико Доналд Трамп роҳии аёлати Аляска аст, ба шаҳри Магадан расидааст. Ин шаҳр дар шимолу шарқи Русия ҷойгир аст ва то маҳалли дидор дар наздикии Анкориҷ тақрибан 3150 километр масофа дорад. Мулоқоти Трамп ва Путин рӯзи 15-уми август бе ҳузури намояндагони Украина мегузарад.